Маблағгузории сабз консепсияи рушд аст, ки масъалаҳои экологӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративиро дар бар мегирад ва ба консепсияи ESG дохил карда шудааст. Маблағгузории сабз муассисаҳои молиявиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои глобалии “сифри холис”/дараҷаи ихроҷи холиси сифр тавассути маблағгузории сармоягузорӣ бо манфиатҳои экологӣ дастгирӣ мекунад.
Тавре ки маълум аст, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки Тоҷикистон бояд то соли 2037 ҳамчун як кишвари пешсафи ҷаҳон дар рушди «иқтисоди сабз» ба «кишвари сабз» табдил ёбад. Бонки Эсхата бо пуштибонӣ аз ин иқдоми Сарвари давлат тасмим гирифтааст, ки дар сабзкунонии иқтисодиёт саҳм гузорад ва яке аз аввалин бонкҳои “сабз”-и кишвар ё ба ибораи дигар “Эсхатаи сабз” гардад.
Ҷорӣ намудани маблағгузории сабз на танҳо ба нигоҳ доштани сайёраи мо барои наслҳои оянда мусоидат мекунад, балки имкониятҳои нави тиҷорат ва иқтисодиро боз мекунад. Он ба бонк имконият медиҳад, ки аз ҷиҳати экологӣ масъул бошад, рақобатпазирии моро дар бозор афзоиш диҳад ва мизоҷону сармоягузорони навро ҷалб кунад, ки ташаббусҳои сабзро дастгирӣ мекунанд.
Маблағгузории сабз на танҳо як стратегияи сармоягузории молиявӣ, балки як воситаи пурқувват барои ноил шудан ба рушди устувор ва эҷоди як сайёраи солимтар ва устувортар барои ҳамаи мо мебошад.
"Эсхата сабз" чӣ маъно дорад? Чаро мо ба сӯи бонкдории сабз меравем? Аз мо чӣ талаб карда мешавад ва “сабз” будан чӣ манфиатҳо доранд? Шумо метавонед маълумоти бештарро бо тамошои видео муроҷиати роҳбарияти Бонк пайдо кунед.
Мо ифтихор мекунем, ки стратегияи мо барои ҳама ҷонибҳо муфид аст. Мо метавонем тиҷорати нави дорои дурнамои васеъи иқтисодиро инкишоф диҳем ва дар беҳбудии кишвари худ саҳм гузорем.
"Ба сӯи комёбиҳо бо эҷоди ояндаи сабз!"
«Эсхатаи сабз» гуфта чиро дар назар дорем?
Акмалҷон Сайфидинов
Раиси Раёсат
Нақша ва амалҳои "сабзи" мо чӣ гунаанд?
Дмитрий Лисиченко
Муовини Раиси Раёсат
FAQ - Саволу ҷавоб