Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо чист?

Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ин ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст, мебошад.
Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо кафолати ҷуброни амонату пасандозҳоро таъмин менамояд. Ҳадафи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо – мусоидат ба нигоҳдории суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад.
Асосҳои фаъолияти низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” танзим карда мешавад.
Бо мақсади таъмини самаранокии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Хазина шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта ҳимоя менамояд.
Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ тибқи андозаи дар Қонун муқарраршуда пардохт менамояд, феҳристи ташкилотҳои қарзӣ – узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро пеш мебарад, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии пардохтҳоро аз ташкилотҳои қарзӣ амалӣ менамояд, инчунин дигар вазифаҳоро, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои Хазина заруранд, иҷро мекунад.

Мақсадҳои Хазина аз инҳо иборатанд:

  • Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта;
  • Таъмини фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва мусоидат ба нигоҳдории суботи низоми молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маълумот барои тамос:
  • Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, 734060, кӯч.Маяковский 77/2
  • Сомонаи Хазина: https://dif.tj
  • Телефон барои тамос: +(992) 44 600-66-00; +(992) 44 600-32-45
  • Суроғаи электронӣ: info@dif.tj


Сатҳ ва фарогирии ҷуброни суғурта

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасндозҳо” маблағи амонату пасандозҳои пасандоздорон дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина аз ҷониби Хазина ба таври ҳатмӣ мавриди фарогирии суғуртавӣ қарор дода мешаванд.

Суғуртаи амонату пасандозҳо барои пасандоздорон пурра ройгон мебошад ва шартномаи махсуси суғуртаро талаб намекунад – тамоми хароҷоту чорабиниҳо ба уҳдаи худи ташкилотҳои қарзӣ ва Хазина вогузор шудааст.

Ба пасандоздорони амонату пасандозҳояшон суғурташаванда шахсони зерин дохил мешаванд:
  • Шахсони воқеӣ
  • Соҳибкорони инфиродӣ
  • Шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд
  • Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ

Ба объекти ҳатмии суғурта маблағи суратҳисобҳои амонату пасандозии зерини пасандоздорон, ки дар ташкилотҳои қарзӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ кушода шудаанд, дохил мешаванд:
  • Суратҳисобҳои дархостӣ
  • Суратҳисобҳои пасандозӣ
  • Суратҳисобҳои муҳлатнок
  • Суратҳисобҳои кортҳои бонкӣ

Ба объекти ҳатмии суғурта инҳо дохил намешаванд:
  • Ҳисобҳои металлии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
  • Маблағҳои пулӣ ва дороиҳои дар қуттиҳои сейфии бонкӣ гузошташуда
  • Суратҳисобҳои амонату пасандозии шахсони ҳуқуқӣ, ба истиснои субъектҳои соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ
  • Суратҳисобҳои амонату пасандозии дар ташкилотҳои қарзии исломӣ кушодашуда
  • Маблағҳои электронӣ
  • Суратҳисобҳои амонату пасандозие, ки ҳуқуқ ба онҳо ба шахсони дигар дар асоси шартномаи берун аз ташкилоти қарзӣ басташуда додамешавад
  • Суратҳисобҳои амонату пасандозие, ки дорандаи ҳуқуқи ихтиёрдориии он дар ташкилоти қарзӣ муайян нест

Андозаи ҷубронпулии суғурта

Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, Хазина ба пасандоздорон маблағи амонату пасандозҳои дар ташкилоти қарзӣ – узви Хазина суғурташударо дар доираи андозаи муқарраршуда, ҷуброн менамояд.
Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои суғурташуда барои як пасандоздор дар як ташкилоти қарзӣ на бештар аз 35 000 сомонӣ (сию панҷ ҳазор) муқаррар карда шудааст.
Бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” (моддаи 22) андозаи болозикри ҷубронпулии суғурта чунин ҳисоб ва пардохт карда мешавад:

  • Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби амонату пасандозӣ дошта бошад, он гоҳ ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулӣ дар асоси андозаи умумии маблағи дар суратҳисобҳои амонату пасандозӣ мавҷудбуда ва на зиёда аз 35000 сомонӣ пардохт карда мешавад.
  • Агар ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ фаро расад, ки дар онҳо пасандоздор суратҳисобҳои амонату пасандозӣ дорад, он гоҳ андозаи ҷубронпулии суғурта барои ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад.
  • Амонату пасандозҳое, ки дар суратҳисоби муштараки ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчун як амонату пасандоз дониста мешаванд ва ҷубронпулии суғурта ба соҳибони суратҳисоби амонату пасандоз бо ҳиссаҳои баробар ё ҳиссаҳое, ки байни онҳо мувофиқа шудааст, пардохт карда мешавад. Агар соҳиби суратҳисоби муштараки амонату пасандоз дар ташкилоти қарзӣ ҳисоби дигари амонату пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳиссаи пасандоздори амонату пасандози муштарак бо маблағи дигари ҳисоби амонату пасандоз якҷоя карда, ҳамчун як амонату пасандоз дониста мешавад.
  • Амонату пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.
  • Фоизҳои амонату пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешаванд. Агар тибқи шартномаи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ сармоякунонии фоизҳо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯйи маблағи бақияи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ пардохт карда мешавад.

* – Эзоҳ: Агар маблағи пасандоздор дар ташклоти қарзии барҳамхӯрда аз андозаи ҷубронпулии суғурта зиёд бошад, дар ин ҳолат пас аз гирифтани ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои суғурташуда, боқимондаи маблағи пасандоздор аз ҷониби мудири махсус (барҳамдиҳанда)-и ташкилоти қарзии муфлисшуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” пардохт карда мешавад.

Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои зерин пардохт карда намешавад:

  • амонату пасандозҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ё аз ҷониби суд ҳабс карда шудаанд;
  • амонату пасандозҳое, ки аз рӯи хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон вазъи молиявии ташкилоти қарзиро бад кардаанд;
  • амонату пасандозҳои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудаанд, инчунин шахсоне, ки дар давоми соли охир то барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ чунин вобаста ҳисобида мешуданд;
  • амонату пасандозҳои шарикони ширкати аудиторӣ, ки ба сифати аудиторҳои ташкилоти қарзӣ дар соли тақвимӣ пештар аз таърихи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҷалб шуда буданд;
  • амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки беш аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
  • амонату пасандозҳое, ки дар филиалҳои хориҷии ташкилоти қарзӣ ҷойгир карда шудаанд;
  • амонату пасандозҳои баробар ба ҳар гуна маблағи қарзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти қарзӣ;
  • амонату пасандозҳо ба маблағи камтар аз 10 сомонӣ.


Тасдиқнома оиди узвият ба Хазина

ҶСК “Бонки Эсхата” узви Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон буда (Тасдиқномаи узвият аз “19” июни соли 2023, №006), маблағҳои пасандоздорон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” суғурта шудаанд.


Саволҳои бештар пешниҳодшаванда (FAQs)

Нозоми суғуртаи амонату пасандозҳо чист?
Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо – ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст, мебошад.
Мақсади низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ин таъмини низоми суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ мебошад.
Масъалаҳои суғуртаи амонату пасандозҳои пасандоздорон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» танзим карда мешавад.

Ҷубронпулии суғурта чист?
Ҷубронпулии суғурта – маблағе, ки пасандоздор ба гирифтани он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ҳангоми фаро расидани ҳолати суғуртавӣ ҳуқуқ дорад.

Ҳолати суғуртавӣ чист?
Ҳолати суғуртавӣ – барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» мебошад, ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазина оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад.

Барои суғурта кардани амонату пасандозҳо чӣ кор кардан лозим ва оё ин ба пасандоздорон хароҷоти иловагиро талаб мекунад?
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» амонату пасандозҳои Шумо дар ташкилоти қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ба таври автоматӣ суғурта карда мешаванд. Суғуртаи амонату пасандозҳо куллан ройгон буда, аз пасандоздорон ягон пардохти иловагиро талаб намекунад.

Аз ҷониби Хазина ба кадом андоза пасандоздорон ҷуброн карда мешавад?
Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯйи амонату пасандозҳои суғурташуда на бештар аз 35 000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ мебошад. Ҳамзамон, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» андозаи ҷубронпулии суғурта чунин муқаррар карда мешавад:
Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯйи амонату пасандозҳои суғурташуда на бештар аз 35 000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ мебошад. Ҳамзамон, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» андозаи ҷубронпулии суғурта чунин муқаррар карда мешавад:
– агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳисоби амонату пасандозӣ дошта бошад, он гоҳ ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда, ҷубронпулӣ дар асоси андозаи умумии маблағи дар суратҳисобҳои амонату пасандозӣ мавҷудбуда ва на зиёда аз 35 000 сомонӣ пардохт карда мешавад;
– агар ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ фаро расад, ки дар онҳо пасандоздор суратҳисобҳои амонату пасандозӣ дорад, он гоҳ андозаи ҷубронпулии суғурта барои ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад.

Кадом намуди амонату пасандозҳо аз ҷониби Хазина суғурта мешавад?
Амонату пасандозҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ гузоштаи пасандоздорон – шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки дар суратҳисобҳои дархостшаванда, пасандозӣ, муҳлатнок ё дар кортҳои бонкии ташкилоти қарзӣ ҷойгиранд, аз ҷониби Хазина суғурта карда мешаванд.

Фоизи пасандозҳо ҷуброн карда мешавад?
Фоизҳои амонату пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешаванд. Агар тибқи шартномаи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ сармоякунонии фоизҳо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯйи маблағи бақияи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ пардохт карда мешавад.

Бо кадом асъор ҷубронпулии суғурта пардохт карда мешавад?
Амонату пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Амонату пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.

Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон дар кадом муҳлатҳо пардохт мекунад?
Раванди пардохти ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳои суғурташуда баъд аз 14 рӯз аз санаи фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, агар санаи дигаре аз ҷониби Хазина муайян карда нашуда бошад, оғоз мегардад. Ҳамзамон, пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздор аз тарафи бонк-агенти Хазина дар муҳлати на дертар аз 3 (се) рӯзи корӣ аз рӯзи аз ҷониби пасандоздор пешниҳод гардидани ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурие, ки ҳуқуқи пасандоздорро барои ба ӯ пардохт кардани ҷубронпулии суғурта тасдиқ мекунад, амалӣ карда мешавад.

Кадом ҳуҷҷатҳоро бояд пасандоздор барои гирифтани ҷубронпулии суғурта пешниҳод намояд?
Барои гирифтани ҷубронпулӣ пасандоздор ё намояндаи ӯ бояд ба бонк-агент ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома ё ҳуҷҷати дигар) ва аризаи хаттии шаклаш аз ҷониби Хазина муқарраршударо пешниҳод намояд.