БОНКИ ЭСХАТА БАРОИ МУШТАРИЁНИ ХУД БАРНОМАИ РЕФЕРАЛИРО ОҒОЗ МЕНАМОЯД!Ҳар як муштарии Бонки Эсхата метавонад дӯстони худро барои кушодани кортҳои дорои кэшбэк даъват намояд ва барои ҳар як нафаре, ки шартҳои барномаро иҷро мекунад, 25 сомонӣ бонус ба даст орад.
Чӣ тавр бонус гирифтан мумкин аст?- Ба бахши «Тавсия диҳед ва маблағ гиред» дар замимаи «Эсхата Онлайн» гузаред.
- «Корти дебетиро тавсия диҳед»-ро интихоб намоед.
- Рақами телефони дӯстатонро аз рӯйхати тамосҳо интихоб кунед ё онро дастӣ ворид намоед.
- Даъватномаро ирсол кунед.
- Интизор шавед, ки дӯстатон замимаро насб намуда, аз идентификатсия (онлайн ё офлайн) гузарад, кортро фармоиш диҳад ва тавассути замимаи «Эсхата Онлайн» бо корт пардохт анҷом диҳад.
Дӯсти шумо бояд чӣ кор кунад? - Замимаро тавассути пайванди фиристодашуда ё аз Play Market / App Store зеркашӣ намояд.
- Бо рақами телефоне, ки ба он даъватнома ирсол шудааст, сабти ном шавад.
- Аз идентификатсия гузарад.
- Мақоми «Мушахасшуда»-ро ба даст орад.
- Бо корт ҳадди ақал як пардохт ба маблағи 100 сомонӣ барои хизматрасониҳои зерин анҷом диҳад:
- ппардохтҳо тавассути QR-коди ягона;
- маориф;
- тандурустӣ;
- алоқаи мобилӣ;
- интернет;
- хизматрасониҳои операторони алоқаи шаҳрӣ ва байналмилалӣ;
- IP-телефония;
- NGN;
- хизматрасониҳои таксӣ;
- ТВ ва радио.
Пас аз иҷро шудани ҳамаи шартҳо, ба ҳисоби бонусии шумо 25 сомонӣ ва ба ҳисоби бонусии дӯсти шумо низ 25 сомонӣ ворид карда мешавад.
Бонус барои ҳар як дӯсти даъватшуда, ки шартҳои барномаро иҷро мекунад, ҳисоб карда мешавад. Шумораи даъватҳо маҳдудият надорад.
Бонки Эсхата эътимоди муштариёни худро қадр мекунад ва шуморо даъват менамояд, ки роҳатӣ ва манфиатҳои истифодаи хизматрасониҳоро бо дӯстони худ мубодила намоед.