Онлайн қарз имконияти нав барои онлайн харидҳо!
Мизочи мухтарам! Азбаски Шумо мизоҷи доимии Бонк ҳастед, ба Шумо онлайн қарзро пешниҳод менамоем.

Метавонед то 30000 сомонӣ маблағро бе гарав ва бе зомин дар муддати кӯтоҳ дастрас намоед!

Маблағи қарз дар бонки мобилии “Эсхата Онлайн” дар корти виртуалии қарзӣ нишон дода мешавад.
Шартҳои қарз:
500 - 30 000 сомонӣ
маблағи қарз
24 моҳ
мӯҳлати қарз
то 31 %
вобаста ба намуди қарз
Мақсад
барои мақсадҳои истеъмолӣ
Корти виртуалиро дар кадом нуқтаҳои пардохтӣ истифода бурдан мумкин аст?
Маҳсулоти мазкур барои пардохти молу хизматрасониҳо бо истифода аз бонки мобилии “Эсхата Онлайн”дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ инчунин барои пардохти алоқаи мобилӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, таҳсил, ҷаримаи “Шаҳри Бехатар”, бозиҳо, телевизиону радио ва бисёр дигар хизматрасониҳо пешбинӣ шудааст.
Манфиатҳои корти виртуалӣ:
  • Бароҳатӣ ва бехатарӣ
    Корти шумо ҳамеша дар телефони шумост. Онро бо худ бурдан лозим нест ва бинобар ин, онро гум кардан ҳам мумкин нест. Амният аз қаллобон.
  • Дастрасии қулай ва зуд
    Корт ба таври автоматикӣ дар бонки мобилии “Эсхата Онлайн” бо меъёри қарзӣ намоиш дода мешавад. Қариб тамоми раванди гирифтани қарз дар “Эсхата Онлайн” автоматӣ карда шудааст. Мизоҷро танҳо лозим аст, ки як маротиба шартномаи якдафъаинаро имзо кунад, ки маънои ҳамроҳ шудан ба оффертаро дорад, ҷадвали пардохти қарз бошад дар бонки мобилӣ инъикос меёбад.
  • Бе гарав ва бе зомин
    Барои истифодаи корти қарзии виртуалӣ ягон гарав ё зомин талаб карда намешавад. Маблағҳои қарзӣ дар асоси боварӣ пешниҳод карда мешаванд.
  • Хатти қарзӣ
    Шумо танҳо як маротиба барои қарзгирӣ ариза мекунед ва метавонед маблағро дар тамоми муҳлати хати қарзӣ истифода баред. Ғайр аз ин, фоизи қарз аз лаҳзаи истифода шудани маблағ, ҳисоб карда мешавад. Масалан, ҳангоми имруз истифода намудани маблағи қарзӣ, ва ҳатто дар ҳолати пардохт кардани маблағи истифодашуда, суратҳисоби корти қарзии шумо боз ба маблағи меъёрӣ пур карда мешавад.
  • Назорати мустақил
    Шумо метавонед мустақилона ҷараёни гардиши маблағҳоро пайгирӣ кунед, инчунин санаи бароятон мувофиқи пардохти қарзро интихоб кунед. Ҳама транзаксияҳо дар ҷадвали пардохтӣ қулай нишон дода мешаванд.
  • Нақд кардани маблағи корт 
    Шумо метавонед маблағи қарзро ба дигар суратҳисобҳои худ гузаронед ё нақд намоед.

Чӣ тавр қарзро бояд дастрас намуд?

1. Метавонед дар барномаи Эсхата Онлайн дархост гузоред
2. Метавонед дар сомонаи мо дархост гузоред, то ба Шумо занг занем:
Сарбонк: Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, куч. Гагарин 135